Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ
“Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”

ДАЪВАТ БА ОЗМУНИ № 3 аз 07.01.2025.

ДАЪВАТ БА ОЗМУНИ № 3 аз 07.01.2025.

Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” бо дастгирии Созмони ҷаҳонии Тандурустӣ барои гузаронидани чорабиниҳо Лоиҳаи “Назорати дидбонии эпидемиологӣ аз рӯи сирояти ротавирусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст. Ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерӣ довталабонро даъват менамояд.

Довталабон метавонанд маълумоти пурраро тавассути сомонаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” (https://immunizatsia.tj), кӯчаи Шероз-8  ё бо рақами телефонии  227-71-92  дастрас намоянд.

Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

  1. Шаҳодатнома.
  2. Иқтибос
  3. Пешниҳоди тендерӣ, муҳлати молрасонӣ ва иҷрои кор;
  4. Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;
  5. Маълумотномаи нозироти андози макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 3 моҳ то ба охиррасии мўҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.

Шаклҳо барои пешниҳод намудани номгуй, таснифоти молу мавод ва хизматрасониҳо замима мегардад.

       Дархостҳо дар лифофаҳои муҳргузошта то санаи 15 январи соли 2025 ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Шероз-8 пешниҳод карда шаванд.

       Озмун санаи 16 январи соли 2025 соати 10:30 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” баргузор мегардад.

Лутфан, бознашр кунед