Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ
“Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”

ДАЪВАТ БА ОЗМУН №1 аз 27.07.2026.

ДАЪВАТ БА ОЗМУН №1 аз 27.07.2026.

Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” бо дастгирии молиявии Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия барои амалисозии Нақшаи чорабиниҳо, аз ҷумла:

– Гузаронидан машғулияти омузишӣ дар сатҳи миллӣ ва вилоятӣ байни кормандони соҳаи тандурустӣ (неврологҳо, табибони оилавӣ, мутахассисони бемориҳои сироятӣ ва кормандони соҳаи иммунопрофилактика) оид ба бехатарии ваксинаҳо ва зиддинишондодҳои беасос;

– Чоп ва паҳн намудани дастурамалҳои миллии навшуда оид ба бехатарии ваксинаҳо ва зиддинишондодҳои беасос (бо ворид намудани ваксинаи зидди вируси папилломаи одам (ВПО) бо забони тоҷикӣ);

– Гузаронидани машғулияти омузишӣ барои кормандони хизматрасонии иммунизатсия оид ба «Иммунизатсия дар амал» бо таваҷҷуҳи махсус ба ворид намудани ваксинаи зидди ВПО;

– Чоп ва паҳн намудани дастурамали миллии навшуда оид ба «Иммунизатсия дар амал» (бо ворид намудани ваксинаи зидди вируси папилломаи одам (ВПО) бо забони тоҷикӣ)

 Ҷиҳати баргузории чорабиниҳои зикршуда харидории маводҳои дарси, зарурӣ, сӯзишворӣ, чопкунии маводҳо, таъмин намудан бо танаффуси қаҳванӯшӣ, хуроки нисфирӯзӣ вапардохти сафари хизматӣ, лагистики ва дигар хизматрасониҳо пешбинӣ гардидааст. Ҷиҳати иштирок дар озмун довталабонро даъват менамояд.

Довталабон метавонанд маълумоти пурраро тавассути сомонаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” (https://immunizatsia.tj), кӯчаи Шероз-8, почтаи электронии rcip.tj@mail.ru ва бо рақами телефонии  227-71-92  дастрас намоянд.

Шартҳои техникӣ ва шаклҳо барои пешниҳод намудани номгуй, таснифоти молу мавод ва хизматрасониҳо замима мегардад.

Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешнињод намоянд:           

  1. Шаҳодатнома.
  2. Иқтибос
  3. Пешниҳоди озмун, муҳлати молрасонӣ ва иҷрои кор;
  4. Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;
  5. Маълумотномаи нозироти андози макони қайд, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 3 моҳ то ба охиррасии муҳлати додани дархост барои иштирок дар озмуни мазкур дода шудааст.

       Дархостњо дар лифофаҳои муҳргузошта то санаи 8 августи соли 2026 ба суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз-8 пешниҳод карда шаванд.

       Озмун санаи 10 августи соли 2026 аз соати 9:00 дар толори маљлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” баргузор мегардад.

Лутфан, бознашр кунед