Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” бо дастгирии Созмони ҷаҳонии Тандурустӣ барои гузаронидани чорабиниҳои махзани электронии иммунизатсияи нақшавии кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба харидории маводҳои дарси, зарурӣ, сузишвори, чопкунӣ, таъмин намудан бо танаффуси қаҳванӯшӣ, хуроки нисфирӯзи, хароҷоти сафари хизматӣ, ганарари мутахассисон, хизматрасони интернетӣ ва дигар хизматрасониҳо пешбинӣ гардидааст. Ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерӣ довталабонро даъват менамояд.
Довталабон метавонанд маълумоти пурраро тавассути сомонаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” (https://immunizatsia.tj), кўчаи Шероз-8 ё бо рақами телефонии 227-71-92 дастрас намоянд.
Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
- Шаҳодатнома.
- Иқтибос
- Пешниҳоди тендерӣ, муҳлати молрасонӣ ва иҷрои кор;
- Нусхаи иљозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;
- Маълумотномаи нозироти андози макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 3 моҳ то ба охиррасии мўҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.
Дархостҳо дар лифофаҳои муҳргузошта то санаи 14 октябри соли 2024 ба суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз-8 пешниҳод карда шаванд.
Озмун санаи 15 октябри соли 2024 соати 9:30 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” баргузор мегардад.