Дирӯз 08 январи соли 2026 дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи иммунопрофилактика дар соли 2025 баргузор гардид. Ҷаласаи корӣ таҳти раёсати муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода баргузор гардида, дар он роҳбарият ва мутахассисони масъули Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”, роҳбарон ва намояндагони филиалҳои марказ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, директорони Марказҳои иммунопрофилактикаи шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин масъулони сохторҳои дахлдори соҳа иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа натиҷаҳои татбиқи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, сатҳи фарогирии аҳолӣ бо иммунизатсия, таъминоти саривақтии ваксинаҳо ва маводҳои марбут, инчунин вазъи занҷири хунукитаъминкунанда мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Иштирокчиён оид ба дастовардҳои соли 2025, таҷрибаи пешқадам дар минтақаҳо ва мушкилоти ҷойдошта гузориш пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон, масъалаҳои такмили идоракунӣ, баланд бардоштани сифати мониторинг ва баҳодиҳӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар пайгирии ваксинаҳо, инчунин таҳкими иқтидори кадрӣ баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо байни сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ омили калидии устувории низоми иммунопрофилактика ба ҳисоб меравад.

Дар ҷамъбасти ҷаласа барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда, тақвияти чораҳои назоратӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иммунизатсионӣ ба аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Инчунин, самтҳои афзалиятноки фаъолияти соҳа барои соли 2026 муайян гардида, зарурати идомаи ислоҳот ва татбиқи навовариҳо дар низоми иммунопрофилактика таъкид карда шуд.







